Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шаб, ки моҳ мехонад дар шуъои урёнӣ

Шаб, ки моҳ мехонад дар шуъои урёнӣ Аз ҳавошии ҷӯбор хатти сабзи райҳонӣ. Ҳиҷларо кушо, эй шеър, кадхудои умри ман, Ҳиҷларо кушо, омад бонуи шабистонӣ. Дар тулӯи нохунҳош саҳми локи хуршед аст, Сурх шуд кафи анҷум аз ҳинои эронӣ. Чашми рӯз медонад лаззати нигаҳ кардан, Дар қаламрави хобанд чашмҳои зиндонӣ. Саҳвҳои бисёре рӯзи офариниш рафт, Як қалам нашуд таҳрир сарнавишти пешонӣ. Ҷони парниёнӣ деҳ бар азизи рӯинтан, Варна ӯ намедонад таъми ишқи рӯҳонӣ. Он табиби дил гуфто: Мекунам туро ташхис, Ишқро намебинад дастгоҳи ҷопонӣ. Бӯи кимиё дорад ин фазо, аё Суҳроб, Зеҳни ман муанбар шуд аз гулоби кошонӣ. Моҳу ахтарон рафтанд, оҳи боди обон монд, Шаб ба кӯча мехонад ояҳои боронӣ.
Шаб, ки моҳ мехонад дар шуъои урёнӣ | Шоирон