Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боли ҳуморо зи куҷо мехарӣ,

Боли ҳуморо зи куҷо мехарӣ, Фарру зиёро зи куҷо мехарӣ? Панҷараҳоро зи дарун бастаӣ, Боди саборо зи куҷо мехарӣ? Иззату меҳру шарафу ишқро Ту, туи доро зи куҷо мехарӣ? Дер шуд охир, шаби мутлақ расид, Субҳи сафоро зи куҷо мехарӣ? Суратакӣ, эй бути ороста, Нури Худоро зи куҷо мехарӣ? Чун ҳамаи омадагон меравӣ, Оби бақоро зи куҷо мехарӣ? Он чӣ ба мо рафт, туро ҳам равад, Дафъи қазоро зи куҷо мехарӣ? Фаршиву бар арш тамасхур занӣ, Оинаҳоро зи куҷо мехарӣ? Бебасаро, нест магӯ ҳастро, Он ҳама ҷоро зи куҷо мехарӣ?!