Агар мутолиаи шаб кунам, ситора туӣ,
Агар мутолиаи шаб кунам, ситора туӣ,
Даруни оинаи субҳ ҳам ҳамора туӣ.
Чӣ сон зудоямат, эй ҷону дил, ки таҳ бар таҳ
Даруннигораи ҷониву дилнигора туӣ.
Барои он ки зи сарҳадди худ гузар накунам,
Зи чашми арш ба чашмони ман ишора туӣ.
Дар остони тулӯъӣ, на дар мақоми ғуруб,
Чу офтоби сари қулла шаҳсавора туӣ.
Ҳазор панҷа задам бар дилат чу абри баҳор,
Такон намехурад, аҳсант, санги хора туӣ.
Ба шаш ҷиҳат, ки нигаҳ мекунам, чӣ мебинам,
Фақат туӣ, туӣ, оре, ҳазорбора туӣ.