Ту субҳи тозанавидӣ, баҳори гулбандӣ,
Ту субҳи тозанавидӣ, баҳори гулбандӣ,
Ҳанӯз ғунчаи омодаи шакархандӣ.
Ту ҳамсулолаи нуриву ҳамсулули сафо,
Ба ҳар чӣ поку мубаррост, сахт монандӣ.
Заволи умр мабодову фасли хунсардӣ-т,
Замони васл туро боду вақти хурсандӣ!
Дили ту бо дили дунё шудаст ҳамзарабон,
Муборак ин баҳамойиву тозапайвандӣ!
Ба шодбодии фардо, ба ҳурмати имрӯз
Диле биёр пур аз ишқу орзумандӣ!