Эй васл, садоям кун бар дафъи парешонӣ,
Эй васл, садоям кун бар дафъи парешонӣ,
То рустану бишкуфтан, то фасли гулафшонӣ.
Бигзор Душанбе бод саҷҷодаи ишқи мо,
Бо ҳам биравем охир бо ҷодаи нуронӣ.
Эй нанги Ватан, боре тоҷик шуданат бояд,
То чанд хуҷандиӣ ё вахшиву хатлонӣ?
Овози ниё ояд аз нолаи хуни ман,
Нақши Ватанам хоност аз нақшаи пешонӣ.
Инак, найи Мавлоно, гулбонги сабӯҳӣ зан,
Хезед, Ватан гӯем, ёрони найистонӣ!
Ишқ аст фаро рафтан, бар самти Худо рафтан,
Эй аз ҳама ирфонӣ в-эй аз ҳама инсонӣ.
Дар ман Ватану Модар пайванди мунаввар ёфт,
Яъне натавонам гуфт, ин аввалу он сонӣ.
Оваҳ, ки саҳар омад, аз васл хабар омад,
Бархезу таҷалло зан, хуршеди хуросонӣ!