Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҷоно, сафар ба хайр, куҷоҳо равонаӣ,

Ҷоно, сафар ба хайр, куҷоҳо равонаӣ, Охир ту кадхудои ҳамин чор хонаӣ. Хокистарона сард шуд эҳсоси поксӯз, Хокистарӣ гузор, ки рӯшанзабонаӣ. Як лаъл ҳадя бурдамату нописанди туст, Худ ғофилӣ, ки соҳиби садҳо хизонаӣ. Шабхунзанон ба куштани ғафлат расидаӣ, Мо хуфтаему бар сари мо тозиёнаӣ. Тақвими куҳнаи ту чӣ зуд ихтисор шуд, Як лаҳзаи бузургтар аз ҷовидонаӣ. Ҳамроҳи кистӣ, ки надорӣ дугонае, Ҳамрӯҳи он ягона, ки ҳастӣ, ягонаӣ.