Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, охир то куҷоҳо тохтӣ,

Эй дил, охир то куҷоҳо тохтӣ, Парчами фахру ғурур афрохтӣ. Халқ табрикат кунад бо бурди нав, Як ман огоҳам, ки хеле бохтӣ. Фарш будӣ, кардаӣ тақлиди арш, Бетаҳорат ҷонамоз андохтӣ. Гуфтамат: дам шин, зи минбарҳо наноз, Боз рафтӣ, бар сухан пардохтӣ. Нола кардӣ, халқ гирдат ҷамъ шуд, Охир ин ҳангомаро худ сохтӣ. Эй тамоми сӯзҳоят беҷавоб, Баҳри кӣ худро чунин бигдохтӣ? То кунун на ман туро бишнохтам, То кунун на ту маро бишнохтӣ.