Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман-манӣ бигзоштам, зеро Туӣ,

Ман-манӣ бигзоштам, зеро Туӣ, То Туӣ, набвад дуӣ, якто Туӣ. Он ки то имрӯз бо ман буду монд В-он ки нагзорад маро фардо, Туӣ. Дар баландие, ки бо кайҳонрасӣ Раҳ наёбад ҳеч раҳпаймо, Туӣ. Ҳар нафас дар номаи тақдири ман Он ки аз боло кунад имзо, Туӣ. Чун бигӯям «ҳо», ки «не» гӯӣ зи арш, Чун бигӯям «не», ки он сӯ «ҳо» Туӣ. Кош, рӯзи васл мегуфтам Туро, Ин манам, эй мантар аз ман, ё туӣ?!
Ман-манӣ бигзоштам, зеро Туӣ, | Шоирон