Ҷон туӣ, ки умрамро авваливу поёнӣ,
Ҷон туӣ, ки умрамро авваливу поёнӣ,
Чун кунам сабукдӯшат аз мақоми ҷононӣ?
Пахш кардиву рафтӣ, марҳабо, ҳалолат бод,
Чун ба роҳат афтодам мисли лаъли уммонӣ.
Пои фикри ман доим ботаҳорат аст, аммо
Мекунад ба сӯи ту рафтуои пинҳонӣ.
Эй ки ком мехоҳӣ, пас наӣ, наӣ ошиқ,
Ишқ чист ошиқро ҷуз нишоти раббонӣ.
Аз ту чун фирор орам, эй зи шаш ҷиҳат пайдо,
Эй ки ҳак шуда номат рӯи лавҳи пешонӣ.
Сабз-сабзгӯиям аз ғулувви бебаргист,
Сакта баста дар рӯҳам ғуссаи зимистонӣ.
Ишқ, ишқ, хушбахтам аз башорати дурат,
Як қиёматӣ, оре, ё қиёматистонӣ.