Дар ҳошияи олам моем музофотӣ,
Дар ҳошияи олам моем музофотӣ,
Дар барф ниҳон монда мисли гули ҷурғотӣ.
Ҳушёр нагардидем он қадр, ки ин афлок
Андар сару рӯи мо силӣ заду шаппотӣ.
Рӯҳи мутамаддин деҳ, то пеш кашам худро,
Сад қарн қафо рафтам бо фикри хурофотӣ.
Дар ҳуққаи оҷ, эй дӯст, ёқут фирист охир,
Беҳуда чӣ бифристӣ як қофила савғотӣ?
Дарвозаи шаб дорад сад қуфли тило аз наҷм,
Аз ҳалқаи маҳ доред, эй халқи хароботӣ.
То субҳи қиёмат ҳам ором намегирад
Аз бурдани номи ту ин қалби муноҷотӣ.