Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кай шавад барге ба боғе хаста аз алҳамдхонӣ,

Кай шавад барге ба боғе хаста аз алҳамдхонӣ, Баргу шукри бениҳоят, боғу зикри ҷовидонӣ. Барг-барги ҳар сулулам мекунад ҳар дам тиловат Ояҳои бӯстонӣ, сураҳои бостонӣ. Бар кӣ бикшоӣ даратро, эй нигористони баста, Эй ба зебоӣ гузашта аз ҳазор Аржанги Монӣ. Аз чӣ, эй мардум, тааҷҷуб мекунед аз ҳар хатоям, Пас чӣ мехоҳед аз ман, аз мани ноосмонӣ? Аз паси ташвиши олам, чун давидам, умр тай шуд, Монда пушти орзуям он фариди ормонӣ. Моҳ меҷустем вақте, баъд аз он моҳона ҷустем, Ҷадвалӣ гаштем мо ҳам бо гузашти зиндагонӣ. Он мани аввал чӣ ошиқ, он мани сонӣ чӣ беишқ, Ҳарфи аввал ҳарфи дил буд, ҳарфи баъдиям забонӣ. Дил бад-ин бардорузанҳо гарчи хеле хастаам кард, Зиндагонӣ, бо ту дорам боз ҳам меҳри ниҳонӣ. Эй дил, ин дам бастанатро ёри лоҳутӣ набахшад, Месазад, то боз бошӣ, месазад, то боз хонӣ.