Эй азизи оянда, ман равам, ту мемонӣ,
Эй азизи оянда, ман равам, ту мемонӣ,
Пайки раҳкушоянда, ман равам, ту мемонӣ.
Гар зи куҳнагӣ рӯзе занг мезанад номам,
Зангро зудоянда, ман равам, ту мемонӣ.
Ман зи номи як сабза ё зи номи як себам
Пеши ту намоянда, ман равам, ту мемонӣ.
Пешванду пасвандам, рафтаи хушояндам,
Навбаҳори зоянда, ман равам, ту мемонӣ.
Чорбоғро пар зан, ҳаштбоғро дар зан,
Эй дили сароянда, ман равам, ту мемонӣ.
Субҳи шамсхирман шав, матлаи нави ман шав,
Ишқ, ишқи поянда, ман равам, ту мемонӣ.