Омадам, ки нағма сароям, нағмаҳои ман нашунидӣ,
Омадам, ки нағма сароям, нағмаҳои ман нашунидӣ,
Садқаи машоми латифат, бӯи ёсуман нашунидӣ.
Омадам, ки оина бошам, то шавам муфассири чашмат,
Аз ҳақиқати нигаҳи ман рози хештан нашунидӣ.
Рӯ ба рӯи ту сила бахшанд в-аз қафо тапончаву силӣ,
Андар ин набарди заъифон бонги Пилтан нашунидӣ.
Офтоби саркаши мағрур бар саломи панҷара н-омад,
Ларзаи маҳини диламро пушти пираҳан нашунидӣ.
Нимашаб садои кӣ омад, балки нолаи телефун аст,
Хоб кардӣ, эй зи ҳама хуб, оҳи шабшикан нашунидӣ.
Ишқ, ишқ, ишқ, куҷоӣ, дури дури дур чароӣ,
Растахези сабзи танамро аз таҳи кафан нашунидӣ.