Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй рӯзҳои ҷадвалӣ, эй фаслҳои қолабӣ,

Эй рӯзҳои ҷадвалӣ, эй фаслҳои қолабӣ, Чун кӯдаке гум гаштаам дар ҷангали бематлабӣ. Бо орзуи нав шудан такрор кардам хешро, Ҳар рӯз мактаб рафтаам бо як либоси мактабӣ. Танро бигӯ, эй беҳаёт, мурдӣ зи пушти эҳтиёт, Дилро бигӯ, эй нанги дил, козиб чу моҳи Нахшабӣ. Чун як сабад гул хушк шуд дар пеши чашми оина Он субҳҳои савсанӣ, он шомҳои кавкабӣ. Эй ишқ, меъроҷам бидеҳ, то дурдасти бекарон, Варна чӣ тангандешаам бо ин бутони мазҳабӣ. Бар пешвози ишқи ту қалби фалаҷ аз ҷо нахест, Дер аст дар бикшоданам бар меҳмони аҷнабӣ. Ҷуз рутбаи инсониям чизе мадеҳ, эй шоҳи кулл, Эй дода бар беҷавҳарон хӯи сагиву маркабӣ. Ҳаргиз касе холӣ накард аз мансабаш хуршедро, Чун офтобам менишон дар қуллаи бемансабӣ. Ин сӯи ҳастиро нигар, хуршед ҳасту ишқ ҳаст, Он сӯи ҳастиро мабин: Берӯзӣ асту бешабӣ.