Ало ёре, ки ҳамсабки уқобӣ,
Ало ёре, ки ҳамсабки уқобӣ,
Баландӣ, сайдгири моҳтобӣ.
Сириштатро варақгардон намудам,
Савоб андар савоб, андар савобӣ.
Нашуд ҳамхобу ҳамбедор боре
Ду дил аз ғояти бедорхобӣ.
Иҷозат деҳ, дами дигар бимонам
Дар ин фасли чаманханди гулобӣ.
Адӯ гӯяд, ки гарди сӯзише нест
Дар ин шеъри тунукмағзи китобӣ.
Чӣ ҳам гӯям, ки он бечора дорад
Ҳамин як ихтисоси айбкобӣ.
Аҷаб кайфийяте дорад муҳаббат,
Агар маҳкум шуд бар беҷавобӣ.
Наӣ ту бо дили ман ҳамситора,
Ту бо ман то абад ҳамофтобӣ.