Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳаммилати хуршедӣ,

Ҳаммилати хуршедӣ, Ҳамшаҳрии дарёӣ, Ҳамдини баҳоронӣ, Ҳаммазҳаби гулҳоӣ. Ҳам ғоибу ҳам ҳозир, Ҳам аввалу ҳам охир, Бар чашми кӣ пӯшида, Бар чашми кӣ ифшоӣ. Эй бехабар аз мурдан, Аз заҳмати афсурдан, Ҳам пиртарин пирӣ, Ҳам аз ҳама барноӣ. Дил фохтае бошад, Раҳбохтае бошад, Якзайл занад ку-ку Аз лонаяки лоӣ. Эй ёр, алайкам гӯ, Ҳар сония пайкам гӯ, То дил бизанад ёҳу Дар қуллаи зебоӣ. Дар ҳар назари мункир Ҳаргиз нашавӣ зоҳир, Дар чашми пазиранда Ҳастиву ҳама ҷоӣ.