Алҳамду сано, эй субҳ, эй субҳи аҳуроӣ,
Алҳамду сано, эй субҳ, эй субҳи аҳуроӣ,
Зарроти маро пур кун аз нури мубарроӣ.
Бандам бикушо охир, роҳам бинамо охир,
Эй рӯҳи ту чодарзанон дар гунбади миноӣ.
Ин меҳани вайрона ҷавлонгаҳи чуғдон шуд,
Эй тоири ман, бигзашт фасли чаманороӣ.
Мифтоҳ, ки гум гардид, дарро ҳама бишкастанд,
Бо даст, ки дар бастӣ, бо пой чӣ бикшоӣ.
Бар ваъдагаҳи маъшуқ оғуштаи гул рафтанд
Сабзинаҷавонҳое дар ғояти раъноӣ.
Ҷуз вожаи тоҷик ҳеч теғат зи ҷаҳон настурд
Эй кӯҳиву эй даштӣ, эй шаҳриву саҳроӣ.
Хуршед, фурӯғат ку, ку фарри фаридунӣ,
Дарё, нағамотат ку, ку яшти абастоӣ?
Дар панҷаи Аҳреман вомондаву мегӯям:
Алҳамду сано, эй субҳ, эй субҳи аҳуроӣ.