Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Салом, эй субҳ, эй пайки раҳоӣ,

Салом, эй субҳ, эй пайки раҳоӣ, Салом, эй ишқ, эй беинтиҳоӣ. Чӣ рӯзоне, ки бар сар бурда будам Пур аз талвосаи оӣ-наоӣ. Зи пушти панҷара бар гӯшам омад Муноҷоти сапеди рӯшноӣ. Ба оғӯши афифат мегурезам Аз ин ҳарсӯдавию худнамоӣ. Насозад хомаи машшота таҳрир Рухамро дар салуни дилрабоӣ. Чу набвад рангу бӯи кибриёӣ, Чӣ ҷои рангу бӯи кимиёӣ. Бишуд сад барг садбарги дили ман, Ки мегӯӣ фақат ҳарфи ҳавоӣ. Биханд, эй ҳарфҳоят печ дар печ, Ба ман - бар содагию якқабоӣ. Биханд, эй дар тилисми худ гирифтор, Ба маъсумии фикри ибтидоӣ. Чу дар ирфон ҳам инсонӣ худоист, Агар барҳақ ту инсонӣ - Худоӣ! Биё, дасти саломат деҳ ба дастам, Раҳе то ман кушо аз худгароӣ. Ба рафтан, меравӣ, эй ёр, падруд, Вале бар омадан кай мебиёӣ?! Биё, мазмуни нуронии хуршед, Фароям бар аз ин бемуҳтавоӣ.