Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ,

Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ, Чист ин дурахшидан ғайри бетаҷаллоӣ. Бо ҳузури афзунам чашми дӯст озурдам, Боз боядам рафтан бар ҳарими танҳоӣ. Бо вазидани айём аз дарун тиҳӣ гаштам, Чун ҳубоб ҳис кардам ранҷи беҳаюлоӣ. Боядат зи рӯд омӯхт интизому яксамтӣ, То куҷо равӣ, эй дил, чун ҳазормаҷроӣ. Беҳарос аз барфӣ, эй дили баҳоровез, Ҳолиё дар обон ҳам хирмани таманноӣ. Ғайри вожаи Аллоҳ аз ҳама луғоти даҳр Он чи бар забон рондем, ҷумла буд олоӣ.