Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ,

Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ, Ҷои нашраш бувад он мамлакати болоӣ. Адади нашр варо як бувад, ин якторо Ту, аё аз ҳама Якто, ту фақат мешоӣ. Рахкалон аст маро дафтари ҷон ё қафасӣ, Бо се ҳарф аст алифбои дилам миноӣ. Дар куҷо буд, куҷо монд, куҷо рафту чӣ шуд Ҳафт шаҳре, ки напаймуд дили ёбоӣ. Чун мувофиқ кунам охир, ки мухолиф бошад Бо гили одии ман ин дили истисноӣ. Номаӣ, нома зи номи киву бар номи киӣ, Ассало, ғунчаи садмуҳр, ки ноифшоӣ. Колаи куҳна дигарбора дарояд бар муд В-ин суханҳои қадимӣ бишавад фардоӣ.