Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ,

Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ, Ба зери шонаи чап санги хора меоӣ. Ҳуҷаста омаданат, эй фари ҳумоюнӣ, Ки бар ҷабини мани беситора меоӣ. Салом, дузди дили ман, ба дуздият нозам, Ниҳон гурехтиву ошкора меоӣ. Бубин масоҳати ишқ, эй дили музофотӣ, Мабош танг, ки бар беканора меоӣ. Ман аз фироқи Зарафшони ту Бухороям, Кунун, ки хушк шудам, пора-пора меоӣ. Ту ҳамчу мири шабиву ба тангкӯчаи мо Чӣ гуна бе дафу чангу нақора меоӣ. Умеди офиятам гум шуд аз табибдавӣ, Ба лаҳзаҳои пасинам чу чора меоӣ. Ҳазор шукр, ки аз чашми илтифоти Худо Ту, эй нигоҳи иноят, дубора меоӣ.