Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ,
Оинаро шикастам бо ҷурми баднамоӣ,
Айби танам бубахшой, эй ҷони кибриёӣ.
Аз қуллаи тафаккур, аз ҷаннати тасаввур
Дар хоки раҳ фитодам охир мани ҳавоӣ.
Қалби шикастаи ман хоҳад пизишки дигар,
К-аз ғайб мерасад ӯ бо пайки мӯмиёӣ.
Кай пеш мебиёяд баҳри қафаскушоӣ
Дасте, ки мебарорад дилро ба рӯшноӣ?
Ҷуғзе ба номи «афсӯс» дар ин хароба боқист,
Акнун, ки кӯч баста хубиву дилрабоӣ.
Эй барф, боришат чист дар боғҳои хурдод,
Зангор бастаам ман дар айни босафоӣ.
Қалби маро иваз кун бо қалби санги хоро,
Рӯҳи маро иваз кун бо қудрати худоӣ.