Эй дил, дили чӯбина, тобути таманноӣ,
Эй дил, дили чӯбина, тобути таманноӣ,
Паркандаи дирӯзӣ, шабмондаи фардоӣ.
Дар панҷараи сутхон пар-пар заду нолиш рехт,
Ин булбули лоҳутӣ в-ин лолаи миноӣ.
Эй панҷараи баста бар сардии оҳи дай,
Як ханда зану во шав бар субҳи шукуфоӣ.
Танҳоии доноён бехотима хоҳад монд,
Ҳаргиз нашавад хуршед озод зи танҳоӣ.
Афсӯс, ки қисмат шуд ҷуз ман ба ҳама олам
Ишқи туи хуршедӣ, меҳри туи дарёӣ.
Ин қавм зи беёдӣ бистурда шуд аз дунё,
Дебочаи будан бош, эй ёди аҳуроӣ.
Бар оинаи золим гӯед, набиштобад
Бар марсияҳо хондан дар реҳлати раъноӣ.
Ҳам кӯҳнавардам кун, ҳам рӯҳнавардам кун,
Он гуна, ки будӣ, бош, эй қуллаи зебоӣ.