Мисли худ биё, ёро, мисли кас чӣ меоӣ,
Мисли худ биё, ёро, мисли кас чӣ меоӣ,
Ҳаммақоми анқоӣ, дастрас чӣ меоӣ.
Аз назаргаҳи чашмам, аз гузаргаҳи умрам
Рафтаӣ, Худо ёрат, бозпас чӣ меоӣ.
Вақти маҳшари рӯҳам ту сукут мекардӣ,
Ҳолиё, ки оромам, чун ҷарас чӣ меоӣ.
Омадӣ алавгирӣ чун ҷавониву пирӣ,
Мисли умри тозанда як нафас чӣ меоӣ?
Боз шуд ҳисори шаб бо калиди моҳи нав,
Аз дарун дилам қуфл аст, бар абас чӣ меоӣ?
Ҳоли мо намепурсӣ, соли мо намепурсӣ,
Эй ҳумои озодӣ, бар қафас чӣ меоӣ?