Ассалом, эй танини зебоӣ,
Ассалом, эй танини зебоӣ,
Эй нузули фари аҳуроӣ.
Ғарқаӣ, ғарқа дар бузургии хеш,
Саркаши мавҷзоди дарёӣ.
Ба бирав гуфтанам, нахоҳӣ рафт,
Ба биё гуфтанам, намеоӣ.
Дили ман дар қафас ҳаёҳу кард,
Аз кӣ гирад қасоси танҳоӣ?
Бетуӣ маргтар зи марги ман аст,
Ту чӣ бемояӣ, ки бе моӣ.
Дай шуду оина хабар овард,
Ин ки бигзашт фасли раъноӣ.
Юсуфиҳо кун, эй баланд аз ҳусн,
Ки маро дер шуд Зулайхоӣ.
Аҳсанам гӯ, ки боз ҳам ҳастам
Зинда дар байни бетаҷаллоӣ.
Аҳсанам гӯ, ки мезияд дили ман
Дар тиҳигоҳи бетаманноӣ.
Меравам, нағмаро раҳо созам,
Дар кушоям ба субҳи митроӣ.