Ман, ки дарахти шабам, меваи моҳам бидеҳ
Ман, ки дарахти шабам, меваи моҳам бидеҳ
В-ар шафақоғуштаам, бӯи пагоҳам бидеҳ.
Рӯшаниямро бубин, айнаки шомӣ бикун,
Тирагиямро нигар, ранги рафоҳам бидеҳ.
Ҳеч шиносӣ, ки ман доғи сувайдостам,
Дар дилаки лолае пушту паноҳам бидеҳ.
Рӯди равонро бубин, лаб ба ниёиш барад,
К-аз садафу аз ҳубоб кафшу кулоҳам бидеҳ.
Рӯди равонам, вале бесарупо меравам,
Рост магӯ, каҷ магӯ, рӯҳаму роҳам бидеҳ.
Ин ҳарами шашдара пур бувад аз манзара,
Чашм, ки додӣ маро, завқи нигоҳам бидеҳ,
Дар қафаси синаам равзанае боз кун,
Танг шуд охир дилам, рухсати оҳам бидеҳ.
Бар ҳадару ройгон ҳеч мадеҳ, эй азиз,
Меҳргиёҳам бигир, меҳргиёҳам бидеҳ.