Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ,

Зи ҳамлаҳои зиндагӣ гурезаро паноҳ деҳ, Ту дар кушой, эй сухан, маро ба хона роҳ деҳ. Гурехтам зи мардумон, зи хеш ҳам гурехтам, Ба хилвати ту омадам, бимон маро, рафоҳ деҳ. Хазидаам ба кунҷи ту зи фисқзори иҷтимоъ, Маро иҷозати сафар ба офтобу моҳ деҳ. Намон, ки даррасад қазо ба куштани фурӯғи ғайб, Ба чашми кибриёиям иҷозати нигоҳ деҳ. Либоси ҷиғдаам бикаш, маро дар атласат бипеч, Паёми субҳи исавӣ ба мурдаи табоҳ деҳ. Дубора ҳавсала бидеҳ барои тоза зистан, Башорати савоби ман, кафорати гуноҳ деҳ.