Дард додӣ маро, даво ҳам деҳ,
Дард додӣ маро, даво ҳам деҳ,
Роҳи дафъи баду бало ҳам деҳ.
Гаҳ ба таҳ мебарӣ, гаҳе бар авҷ,
Иқтидори баро фаро ҳам деҳ.
Шаби ялдо маро муҳосира кард,
Муждаи субҳи босафо ҳам деҳ.
Бидеҳ, эй шамс, қарзи бепардохт,
Сурхрангӣ ба каҳрабо ҳам деҳ.
Эй, ки ҷони ҷаҳоннамо дорӣ,
Баҳри мо ҷони ҷоннамо ҳам деҳ.
Ба ҳар он чи насиби мо додӣ,
Шукр ҳам деҳ, дили ризо ҳам деҳ.
Лутф кун, халқро саодат бахш,
Аз ҳамон гавҳарат ба мо ҳам деҳ.