Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ишқ, эй муршиди ман, номаи иршодам деҳ,

Ишқ, эй муршиди ман, номаи иршодам деҳ, Мурда ҳам бошам агар, ҳуҷҷати милодам деҳ. Ёдат, эй ёр, раҳи фикри маро мебандад, Муждаи баршудан аз панҷаи ҷаллодам деҳ. Охирин бор ба ман некии беҳамто кун, Аз фаромӯшии худ шаммаяке ёдам деҳ. Бидеҳ озодиям охир ба дили силсилабаланд, Нав ба нав силсилаҳо бар дили озодам деҳ. Аз ту бигрехтанам ҷониби ту рафтанҳост, Ё маро соз ва ё бишкану барбодам деҳ.