Монда дар сабадшоха нони ширмоли маҳ,
Монда дар сабадшоха нони ширмоли маҳ,
Субҳ рафту шом омад, дил намезанад чаҳ-чаҳ.
Ҷомае, ки монд аз муд, дар навӣ куҳан гардад,
Хуфта зери сандуқам орзуи таҳ бар таҳ.
Дил зи орзуварзӣ боз ҳам мураххас нест,
То даме, ки килки ғайб нуқта мениҳад дар раҳ.
Дар дарозии умрам аз ҳама луғоти даҳр
Бар забон наёвардам ҷуз ду вожаи кӯтаҳ.
Ҳар сулули хушбахтам ошиқона мегӯяд:
Ло илоҳа иллаллаҳ, ло илоҳа иллаллаҳ.