Чӣ гуна меравам, эй дӯст, бар идомаи роҳ,
Чӣ гуна меравам, эй дӯст, бар идомаи роҳ,
Ки субҳ н-омада бегоҳ шуд, бале, бегоҳ.
Ба хусравӣ бишунав ин фасонаи ширин
Зи ҳаҷр низ дарозу зи васл ҳам кӯтоҳ.
Ҳама румантикаҳо бо баҳор мегузаранд,
Бадеъият натавон ёфтан зи обонмоҳ.
Дигар ҳаририи урдибиҳиштиям ҳам нест,
Ки замҳариртарам аз шабони барфпаноҳ.
Баҳорзодаи ман, сабзи рангбози ман,
Биёву ранг даровар бар ин сафеду сиёҳ.
Ҳама гуноҳи маро мешумар ба ҷои савоб,
Ҳама савоби маро мешумар ба ҷои гуноҳ.
Бигӯ, ки бар дили ман ишқро руфӯ созад
Ва ё бурун фиканад ин замимаро ҷарроҳ.
Дило, дилии заифонаат залилам кард,
Чӣ нола мекунӣ, эй монда зери дарзаи коҳ?
Ҳавас накун, ки чашӣ лаззати ҳаёти абад,
Ки ҳолиё наӣ аз таъми як нафас огоҳ.