Фалакро кардаӣ аз роҳ бероҳ,
Фалакро кардаӣ аз роҳ бероҳ,
Ало, эй ишқ, ишқи ғофилогоҳ.
Дили ман лек бепарвофалак шуд
Пас аз сад латмаву сад зарби ҷонкоҳ.
Мапурс аз кай, ки ӯ кайҳо хамӯш аст
Бидуни барқ чун тилфони ҳамроҳ.
Чунон мурдам, ки таъсире надорад
На сӯзи офтобу на таби моҳ.
Чӣ ношукрам, ки бе алҳамду ихлос
Зиям ин зиндагиро хоҳу нохоҳ.
Ҳамоно интизорам, то барояд
Маро хуршеди коҳил баъди бегоҳ.
Ба худ гӯям, ки бисмиллоҳи нав гӯ,
Баро охир, баро аз ҳалқаи оҳ.
Худоё, сураам хеле дароз аст,
Иноят кун, макун кӯтоҳ, кӯтоҳ.