Бекасему танҳоем андар ин раҳи кӯтоҳ,
Бекасему танҳоем андар ин раҳи кӯтоҳ,
Ҳеч кас набуду нест аз давоми раҳ огоҳ.
Зиндагӣ зи ташвишаш гирди ман ҳисоре сохт,
Гаҳ гадои озодам, гоҳ бандиям чун шоҳ.
Ҳар ғуруби сарторик осиёна мегӯям:
Мекафад дилам охир чун анори обонмоҳ.
На, дигар намегӯям инчунин ҳуруфи наҳс,
Роҳи субҳ мепӯяд ин вуҷуди фардохоҳ.
Бо пари наҷоти шукр вораҳам зи сад ҳалқа,
Бар само набифристам ҳалқа-ҳалқа дуди оҳ.
Баъд аз ин намегӯям, дер шуд ба пайки ишқ,
К-ин мусофири хаста мерасад дами бегоҳ.