Оему равем гоҳу бегоҳ,
Оему равем гоҳу бегоҳ,
Мирему зием хоҳу нохоҳ.
Эй вақт, маро ба бод додӣ
Бо рафтани ҷисмкоҳу ҷонкоҳ.
Сад зарба задӣ ба чор рукнам
Бо ақрабаи дарозу кӯтоҳ.
Чашми ту муаллифи баҳор аст,
Эй қалби ту сардабири даймоҳ.
Мактуби саломатӣ фиристам
Бар номи азизи асри панҷоҳ.
Сад қарн гузашту тай нашуд ҳеч
Дар байни ману ту як қадам роҳ.
Эй дӯст, кунам дуои ҷонат,
Бо он ки наӣ зи ҷонам огоҳ.