Эй дил, чӣ нолӣ дар ҳалқаи оҳ,
Эй дил, чӣ нолӣ дар ҳалқаи оҳ,
Боре нидо кун: алҳамдулиллоҳ.
Ғафлат чашидӣ аз себи дониш,
Боре чӣ дидӣ, эй ҷони огоҳ.
Донанд мардон таъми хиёнат,
Мо ҳам чашидем ин заҳри ҷонкоҳ.
Як марди ҳақҷӯ то худкушӣ рафт,
Н-омад зи ғайбаш астағфируллоҳ.
Эй масти охур, кам кун тафохур,
Бе дум бияфтӣ аз ҷоҳ то чоҳ.
Як лаҳзаам деҳ бар тавба кардан,
Як лаҳзаам деҳ, эй умри кӯтоҳ.
Чашмони сабзат берун баровард
Мо, диляхонро аз гӯри даймоҳ.
Ин ҳамраҳонро бояд раҳо кард,
Як ту бимон бас то охири роҳ.
Аз гунбади сурх ҳар зарбаи дил
Якзарб гӯяд: Аллоҳ, Аллоҳ!