Равонем мо ҳам ҳамора, ҳамора,
Равонем мо ҳам ҳамора, ҳамора,
Намонем мо ҳам, чӣ чора, чӣ чора.
Бад-ин беқарорӣ, бад-ин ҳечкорӣ
Надонам, ки ҳастам чикора, чикора.
Аз он сӯи равзан, аз он тарфи барзан
Баҳорон гузашта қатора-қатора.
Маҳи нав чӣ бошад ба мо - куҳнафикрон
Як абрӯ ишора, ишора, ишора.
Ту, эй шаҳсавора, ту, эй маҳсавора,
Бирез аз дирафшат шарора, шарора.
Инони дили ман, ки бар дастат афтод,
Диламро ту бинмо идора, идора.
Барои ҳамин дам чу гул рӯи шабнам
Ҷаҳонро гирифтем иҷора, иҷора.
Туро дӯст дорам, туро, зиндагонӣ,
Туро дӯст дорам дубора, дубора.