Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Моем аҳли нокуҷо сад аср ё як сония,

Моем аҳли нокуҷо сад аср ё як сония, Афтода дар меҳмонсаро сад аср ё як сония. Аз ибтидо то интиҳо в-аз мунтаҳо то мубтадо Будаст тӯли рафтуо сад аср ё як сония. Хеле дақиқ омӯхтам ман фурсати парвозро Дар вусъати вақту фазо - сад аср ё як сония. Маҳтоб су-су мезанад, хуршед паҳлӯ мезанад Бо ҷазбаи оламрабо сад аср ё як сония. Бисёр кам в- аз ҳад фузун, гаҳ сарфарозу гаҳ забун Мо зистем, эй ошно, сад аср ё як сония. Ҳангоми рӯ бар рӯ шудан, ку ҳиммати дилҷӯ шудан, Гӯем аз обу ҳаво сад аср ё як сония. Обу ҳавои гил дигар, обу ҳавои дил дигар, Ин ҳар ду восил ё ҷудо сад аср ё як сония. Ҳар ғунчаи навбозро, ҳар сунъи санъатсозро Гӯям дуо, гӯям дуо сад аср ё як сония. Будему бошем, эй ҳабиб, аз таъми ҳастӣ хушнасиб Дар сояи фазли Худо сад аср ё як сония.