Рафтем, рафтем то бекарона,
Рафтем, рафтем то бекарона,
То авҷ, то авҷ, авҷи тарона!
Он сӯи дарё шаҳрест зебо,
Шаҳри ману ту - шаҳри фасона.
Дилро барорем в-аз ин қафасҳо
Бар мурғи хуршед созем лона.
Бо ёр гӯям, то бекарона
Раҳ мекушоем аз кунҷи хона.
Боло бароем бо зинаи ғайб,
Қасрест моро ҳафтошёна.
Рафтанд ёрон бо вақт ҳамроҳ,
Ман дер мондам дар ин миёна.
Ё дер мондам аз маҳмили вақт,
Ё пеш рафтам ман аз замона.
Бояд тапиш кард дар набзи имрӯз,
То субҳи фардо ҳастем ё на.
Эй ишқ, эй ишқ! Бошӣ, ки бошам,
То буданамро бошӣ баҳона!