Бигзор зияд як дам хуршед дар оина,
Бигзор зияд як дам хуршед дар оина,
Хуршеди мано, хуш бош дар он тарафи сина.
Баршав, ки ту ҳам бошӣ ҳаммартабаи хуршед,
Хуршед наметаркад бо бомбаву бо мина.
Бо кӯчашитобиҳо ин ҷумъаву ҳар ҷумъа
Бозор равӣ, эй дил, ё масҷиди одина.
Ишқ омаду шоҳона қонуни дигар овард,
Дилро бинамуд озод аз парвариши кина.
Ин ишқи бариниро бурдем ба фардоҳо,
Он ишқи заминиро мондем дар он дина.
Аммо ту заминиӣ, яъне ки бариниӣ,
Сабзӣ, ҳама дам сабзӣ, эй ёди баҳорина.
Дар куҳнагиям мангар, ин нав шуданамро бин,
Наврӯзаму мерӯям чун гандуми сабзина.