Чу баҳор мебиёям ҳама гул, ҳама тарона,
Чу баҳор мебиёям ҳама гул, ҳама тарона,
Ба ту чеҳра менамоям ҳама гул, ҳама тарона.
Нафаре агар бипурсад, ки ба чанд медароӣ,
Ба ҳазор медароям ҳама гул, ҳама тарона.
Ба ҳазор ҳам дароям, зи ту илтимос дорам,
Ки биёварӣ бароям ҳама гул, ҳама тарона.
Бифирист, эй ягона, бифирист бебаҳона
Зи ҳарими кибриёям ҳама гул, ҳама тарона.
Ба ман омадаст нома зи ҳабиби сабзхома,
Чу лифофа мекушоям: ҳама гул, ҳама тарона.
Ба ҷавоби шӯру иғво бибарам ба рамзи эҳдо
Ба рақиби садқабоям, ҳама гул, ҳама тарона.
Мани рафта баъди реҳлат ба шарофати муҳаббат
Ба ҳаёт мегароям ҳама гул, ҳама тарона.