Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гулоғӯшам ҷавона дар ҷавона,

Гулоғӯшам ҷавона дар ҷавона, Чӣ хомӯшам тарона дар тарона. Маро бахшо, ки имрӯзу ҳама рӯз Дили ман метапад нодилбарона. Басе айб аст, агар ҳар айби худро Намоям бор бар дӯши замона. Муҳаббат ганҷи пинҳонии ман буд, Чаро як бор накшодам хизона? Дили ман бо давиданҳои тезаш Қафо монд аз шабу рӯзи равона. Қалам ҳам дузди даргумкардае буд, Ба болохона рафту таҳтхона. Туи яктотаринро ёфтам ман, Дигар ҳаргиз намеҷӯям дугона. Аз он дунё, ки даъватнома ояд, Наёрӣ пеши Ҳақ узру баҳона. Биё, шукри ҳамин як лаҳза гӯем, Ки як дам пас дигар бошем ё на.