Дил масту табоҳ меравад. На?!
Дил масту табоҳ меравад. На?!
Бо тӯшаи оҳ меравад. На?!
Бо он ки муносиби ҷазоҳост,
Ӯ ҷоизахоҳ меравад. На?!
Аз қалби садобшустаи ман
Зангори гуноҳ меравад. На?!
Маҳ ҳам, ки вуҷуди осмонист,
Бо доғи сиёҳ меравад. На?!
Он банда, ки Шоҳи кул парастад,
Ҷӯёи паноҳ меравад. На?!
Он қатра, ки шоҳи гул ситояд,
Боре ба рафоҳ меравад. На?!
Бе кафшу кулоҳ омад одам,
Бе кафшу кулоҳ меравад. На?!
Хуршеди туву ситораи ман
Бар самти пагоҳ меравад. На?!
Ишқ аст гувоҳномаи дил,
Бо муҳри Илоҳ меравад. На?!
Сад сол шуд, ин дили қадимӣ
Дарёб, ки роҳ меравад. На?!