Дарро зи дарун бибанд, эй ишқ, дарро бикушо ба
Дарро зи дарун бибанд, эй ишқ, дарро бикушо ба
бекарона,
Берун қадамест бенишона, дохил ҳарамест
ҷовидона.
Эълон задаам ба дар, ки «Ёрон, ман рафта ба
дурдасти ишқам»,
Аммо ту зи роғи дар нигаҳ кун, бингар, ки манам
даруни хона.
Имони ман аз ҳама шикастаст, имони маро
дуруст созад,
Рӯзе, ки дубора мебиёяд он хонахудои ман ба хона.
Ман мераваму нигоҳи сардам дар раъша фиканда
кӯчаҳоро,
Он хоҳари гармрӯи заррин хандад зи чаҳорум ошёна.
Пурсид касе, ки аз чӣ боис ин қадр гарон
қадам гузорӣ,
Ман бори хиёнати башарро бардоштаам ба рӯи шона.
Мардона дил аз ғилоф баркаш, то хуни чакида
ишқ гӯяд,
Дар ишқ чӣ кор кардаӣ ту, ҷуз бофтани ду-се фасона?!
Овози азони бомдодам дар олами хоббурдаи шаб,
Вақте ки ту чашм мекушоӣ, ман нестам андар ин миёна.