Оҳи Маҷнунро шунидам оҳувона, оҳувона,
Оҳи Маҷнунро шунидам оҳувона, оҳувона,
Меравам бар кӯи Маҷнун, ассалом, эй бекарона!
Қайс менолад шабу рӯз: Ишқи Лайло, ишқи Лайло,
Қавм менолад шабу рӯз: Обу дона, обу дона.
Чун туӣ беобу дона, чун туӣ пири гурусна,
Ишқро куштиву хӯрдӣ, эй замона, эй замона.
Ногаҳон телфун садо зад. Кист? - гуфтам, гуфт: Маҷнун!
Аз куҷо? –пурсидам ӯро, дод посух: -Аз фасона.
Гуфт шодикаф бимирам дар шабистони шаҳодат,
Гар дурахшад сояи ту дар хаёли остона.
Гуфтамаш натвонам охир бегунаҳ куштан касеро,
Ҳам аз ин ҳайкал чӣ хоҳӣ лутфҳои дилбарона.
Гуфт медорӣ дареғ аз бенасибе сояатро,
Эй ҳама андӯҳи мавҳум, эй ҳама нозу баҳона.
Гуфтам: Эй ҷон, дар ҳиҷобам, акси хуршедӣ дар обам,
Ту бигӯям, хеш ёбам, ман туям, эй ёр, ё на?!
Оҳ, танг омад дили ман, вусъате хоҳам, ки бошад,
Хона гӯяд: рав ба кӯча. Кӯча гӯяд: рав ба хона.
Маҳмили ман рафт дигар, маҳмили оинабандам,
Дер шуд бар дидани ман, даргузаштам аз миёна.