Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Соатам қафомонда, фурсатам раҳогашта,

Соатам қафомонда, фурсатам раҳогашта, Ин туӣ, дили нинӣ, соати қафогашта. Сактаи дил аст ин ишқ, чора кун, табиби ғайб, Варна чун кунам бо ин дарди бедавогашта. Ёди ту ба хайр, эй ишқ, эй саодати мурда, Сад тарона ҳасрат шуд шодии азогашта. Дар азал чӣ маъсумӣ, баъд аз он чӣ масмумӣ, Зери чархи рангомез сидқи ту риё гашта. Ту куҷоиӣ, эй дил, шарқиӣ, ҷанубиӣ, Аз куҷои ту пурсам, эй ба нокуҷо гашта. То ту низ меояд баргрезии тақвим Эй ба сӯи ҷовидон равзани ту во гашта. Оқибат мусаллам шуд бар ҷаҳони худкома Ё шумои мангашта ё мани шумогашта.