Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Захма зан, хусрави навозанда,

Захма зан, хусрави навозанда, Боз банд ин бирешими канда. Бишнав ушшоқи ман, ки аз сина Мекунад дил ҳубути фархунда. Офтобо, маро ҳам омӯзон Илм, илми табассуму ханда. Жанда пӯшидаам, ки дарёбанд, Рашки сад атлас аст ин жанда. Дил, дило, пастии касе бинӣ, Бош дар авҷи хеш поянда. Ту фаромояи шафақнасабӣ, На фурӯмояиву шарманда. Осмон кӯр нест, мебинад Нағзро нағзу гандаро ганда. Дар таҳи пуштаи дамида киро Дилаке ҳаст мурдаву зинда. Ишқ меояду намеояд, Ишқи ояндаву наоянда. Баъди сад қарн ҳам ба ҳурмати ишқ, Хуш тапиш кун, дили барозанда.