Бас, дигар нахоҳам буд сарнагуну парканда,
Бас, дигар нахоҳам буд сарнагуну парканда,
Рафтаро раҳо кардам, ассалом, оянда.
Чун ба шабнами чашмам офтоб нозил шуд,
Ханда мурд аз гиря, гиря мурда аз ханда.
Офтоби бемонанд, бар тулӯъи ту савганд,
Чун ту мекунам оғоз зиндагии тобанда.
Зери кафши номардон ҳамчу мӯр мурдан чист,
Хезу доманат афшон, ҳой қалби шарманда.
Бо далели имонат ҷавҳари ҳақиқат бош,
Пуштвона мехоҳад гунбади сарафканда.
Бар иродати хешон, бар хулуси дарвешон
Ту агар намеарзӣ, кист, кист арзанда?!
Дур шав зи роҳи ман, эй касе, ки меоӣ,
Аз бурун ҳама атлас, аз дарун ҳама жанда.
Дил чу уди Дақёнус дар музеи сина монд,
Чораам намесозад панҷаи навозанда.
Бас, дигар нахоҳам буд берисолату куҳна,
Алвидоъ, бигзашта, ассалом, оянда!