Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Худхорагӣ дигар бас, эй дил, худофарин шав,

Худхорагӣ дигар бас, эй дил, худофарин шав, Бо сабки нав тапиш кун, навсавту навтанин шав. Дар гӯша занг бастӣ, гуфтам, қафасшикан бош, Майдонхиром гаштӣ, гуфтам, ки чиллашин шав. Ин қалби латтагиро аз тоқи сина парто, Сад бор лат, ки хӯрдӣ, оҳан шаву матин шав. Бо тантана нашояд бар пешгаҳ ҷаҳидан, Чун аз дарун баландӣ, рав, пойгаҳнишин шав. Эй чашмҳои сабзат як осмон зумуррад, Дар ҳалқаи дили худ ҷо додамат, нигин шав. Эй шеъри пири фартут, бархез, ишқ омад, Дар асри сиву чил ҳам нав бошу навтарин шав.