Ҳанӯз дар раги гул, эй баҳор, ҷорӣ шав,
Ҳанӯз дар раги гул, эй баҳор, ҷорӣ шав,
Ба шавқу нашъаи перору пор ҷорӣ шав.
Дигар рисолати худро намефурӯшам ман,
Ба об гӯй, ки дар ҷуйбор ҷорӣ шав.
Маро бигӯ, ки накун иддаъои дарёӣ,
Бирав, зи ҳошияе хоксор ҷорӣ шав.
Бизод муъҷиза аз издивоҷи куҳнаву нав,
Ту, эй навои куҳан, аз гитор ҷорӣ шав.
Ало саодати ин лаҳзаҳои ёсуманӣ,
Ба ҳар сулули мани беқарор ҷорӣ шав.
Садои омадани ишқ! Марҳамат фармо,
Шабе зи пушти дари интизор ҷорӣ шав.
Салом, субҳ! Чу симфониёи гунҷишкон,
Ҳамеша дар бағали шохсор ҷорӣ шав!