Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё, василаи дил бастанам ба дунё шав,

Биё, василаи дил бастанам ба дунё шав, Муаллифи ҳама оғозҳои зебо шав. Чу ишқро набувад мақтаъу хулосаву хатм, Беҳин муқаддимаи як ҷаҳон таманно шав. Ба асри марги муҳаббат, ки офаридандат, Дар ин ҷаҳони тунукмағзи мо ҳаюло шав. Бишӯй гарди қадими чаҳорхонаи дил, Ту дастгоҳи навини ғуборполо шав. Гули муҳаммадиям аз фироқ сад барг аст, Шамими васлрасон, муждаи Масеҳо шав. Дар ин фазо, ки шару фитна хушнумӯ шудаанд, Насими куфрбарандозу наҳспиро шав. Ба ҳамла пош бикун иттиҳоди аҳриманон, Миёни пич-пичашон наъраи Аҳуро шав. Умеди ҷумлаи офоқ як туӣ, як ту, Ҳамеша дар лаби ман ҳам саломи фардо шав.